Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Tajik state pedagogical university of nambed Sadriddin Ayni

31/08/2026
22/05/2026
ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ДОНИШГОҲДар доираи татбиқи нақша–чорабиниҳои раёсати дони...
21/05/2026

ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ДОНИШГОҲ

Дар доираи татбиқи нақша–чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва бахшида ба Моҳвораи ҷавонон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи волейбол миёни дастаҳои донишҷӯписарони факултетҳо баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинии варзишӣ ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат байни донишҷӯён, рушди малакаҳои варзишӣ ва муайян намудани варзишгарони болаёқат барои такмили дастаи яккачини волейболбозони донишгоҳ маҳсуб меёфт.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва рӯҳияи ҷавонӣ ҷараён гирифта, дастаҳои факултетҳо маҳорати хуби варзишӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд. Даври ниҳоии мусобиқа имрӯз, 21-уми майи соли равон, миёни дастаҳои факултети математика ва информатика ва факултети забон ва адабиёти рус баргузор гардид.
Дар бозии финали дастаи факултети математика ва информатика бо намоиши бозии ҷолибу диданӣ бар рақиби худ, дастаи факултети забон ва адабиёти рус бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, сазовори ҷойи якуми ин мусобиқа шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ҳамчун омили муҳими таҳкими саломатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва рушди ҳамбастагии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

20/05/2026
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲДАР АСОСИ НИЗОМНОМАИМУСОБИҚА...
20/05/2026

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

ДАР АСОСИ НИЗОМНОМАИ
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, ИНЧУНИН БАХШИДА БА З5 -СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 95-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Мусобиқаи мазкур бо мақсади ҷалби донишҷӯписарони Донишгоҳ ба варзиш, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни ҳамдигар ва мукаммал намудани дастаи яккачини волейболбозони Донишгоҳ аз ҳисоби донишҷӯписарон мебошад.
Байни дастаҳои факултети психология ва география баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа бар ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи факултети география анҷом ёфт.

Address

Рудакӣ
Dushanbe
734001

Telephone

+992555556747

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ:

Shortcuts

Share