Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон"

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон" Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон", Medical and health, кучаи Шевченко 61, Dushanbe.

Табиатро ҳифз мекунем!Роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон бо иштироки кормандони муассиса, дар асоси б...
10/08/2026

Табиатро ҳифз мекунем!

Роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон бо иштироки кормандони муассиса, дар асоси барқияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳолати ниҳолҳои шинонидашуда боздид намуда, ҷиҳати нигоҳубин ва ҳифзи онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Бо мақсади пешгирӣ аз талаф ёфтани дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда, корҳои обёрӣ анҷом дода шуда, ба нигоҳубини мунтазами ниҳолҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳифзи муҳити зист ва нигоҳубини дарахтон вазифаи ҳар яки мост!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ТИББИ МУОСИР ВА СОЛИМИИ ҶОМЕАҲар як давлат дар роҳи рушду пешрафти худ ба арзишҳое такя меку...
26/06/2026

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ТИББИ МУОСИР ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА

Ҳар як давлат дар роҳи рушду пешрафти худ ба арзишҳое такя мекунад, ки суботи ҷомеа ва рушди устуворро таъмин менамоянд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ барои эҳёи иқтисод, рушди иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ ва илми тиб, заминаи устувор фароҳам овард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус пас аз барқарор гардидани сулҳу суботи комил, бо сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Дар натиҷа, давоми солҳои охир низоми тандурустии кишвар аз ҷиҳати инфрасохтор, таъминоти техникӣ, омодасозии кадрҳо ва ворид намудани технологияҳои муосир тағйироти куллӣ ба худ гирифт.

Имрӯз рушди тибби муосирро бидуни фазои орому осуда ва ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз суботи сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, марказҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шаванд. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва лабораторияҳои муосир таъсис ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба таври назаррас беҳтар гардид.

Яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳа ташаккули заминаи муосири ташхиси озмоишгоҳӣ мебошад. Имрӯз дар озмоишгоҳҳои кишвар технологияҳои пешрафтаи ташхисӣ, аз ҷумла усулҳои молекулавию генетикӣ ва иммунохимиявӣ ҷорӣ гардидаанд, ки имконият медиҳанд бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар марҳилаҳои аввал муайян карда шаванд. Ин дастовардҳо барои баланд бардоштани сифати ташхис, интихоби табобати самаранок ва пешгирии авҷи бемориҳо аҳамияти калон доранд.

Ҳамзамон, дар шароити таҳдидҳои нави глобалӣ масъалаи амнияти биологӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи пандемияи COVID-19 собит намуд, ки танҳо давлатҳое метавонанд амнияти саломатии аҳолии худро таъмин намоянд, ки дорои низоми муосири мониторинг, шабакаи пуриқтидори озмоишгоҳӣ ва кадрҳои баландихтисос бошанд. Тоҷикистон низ дар ин самт қадамҳои устувор гузошта, имкониятҳои ташхиси озмоишгоҳӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва назорати санитариро ба таври назаррас тақвият бахшид.

Дар баробари рушди инфрасохтор, таваҷҷуҳи махсус ба рушди илмҳои тиббӣ низ равона гардид. Имрӯз муҳаққиқони тоҷик дар самтҳои эпидемиология, микробиология, вирусология, иммунология, генетика, фармакология ва тибби профилактикӣ таҳқиқоти илмиро анҷом дода, натиҷаҳои онҳо дар амалияи тандурустӣ татбиқ мегарданд. Ин раванд ба баланд гардидани иқтидори илмии мамлакат ва омода намудани насли нави олимону табибони соҳибтахассус мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, барои муассисаҳои илмии соҳа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то таҳқиқоти илмӣ дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, омӯзиши омилҳои хавфи саломатӣ, муқовимати зиддимикробӣ, амнияти озуқаворӣ ва амнияти биологӣ густариш ёбанд. Дар чунин шароит фаъолияти муассисаҳои илмӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои воқеии тандурустии мамлакат равона гардидааст.

Самти дигари муҳими рушди тандурустӣ омодасозии кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар солҳои охир барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ такмил ёфта, садҳо нафар мутахассисон дар марказҳои пешрафтаи илмии хориҷи кишвар такмили ихтисос намудаанд. Ин имконият фароҳам овард, ки сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи тиб ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад.

Ваҳдати миллӣ инчунин барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид муҳайё намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, таҳкими низоми амнияти санитариву эпидемиологӣ, рушди хизматрасонии аввалияи тиббӣ ва татбиқи технологияҳои нав ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Дар баробари ин, яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат рушди тибби профилактикӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ояндаи тандурустӣ пеш аз ҳама ба пешгирии бемориҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, беҳтар намудани ғизои аҳолӣ, баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ ва маърифати тиббии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз рушди илми тиб ва тандурустии Тоҷикистон самараи мустақими фазои сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлат мебошад. Ваҳдати миллӣ барои рушди муассисаҳои илмӣ, ворид намудани технологияҳои нав, омодасозии кадрҳои соҳибтахассус ва таҳкими амнияти биологии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.

Мо – олимон, муҳаққиқон ва кормандони соҳаи тандурустӣ – вазифадорем, ки ин фазои сулҳу оромиро бо меҳнати содиқона, таҳқиқоти илмии босифат ва рушди тибби профилактикӣ таҳким бахшем. Зеро саломатии миллат на танҳо нишондиҳандаи рушди иҷтимоӣ, балки яке аз муҳимтарин омилҳои амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои нави биологӣ Тоҷикистон бо такя ба Ваҳдати миллӣ, сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва иқтидори илмии худ метавонад низоми тандурустиро боз ҳам мустаҳкам намуда, саломатии аҳолиро ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ ҳифз намояд.

Рӯзизода М.М. доктори илмҳои тиб, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»

ТАБРИКОТИДиректори МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», доктори илмҳои тиб Рӯзизода Муродалӣ Меҳмондуст бахш...
24/06/2026

ТАБРИКОТИ
Директори МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», доктори илмҳои тиб Рӯзизода Муродалӣ Меҳмондуст бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз, олимону ходимони шарафманди илми тиб ва ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!
Аз номи худ ва аз номи тамоми ходимону олимони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» ҳамаи шумо — ҳамватанони азизро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба ҳар як сокини кишвар ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббати фарзандиро ба Ватани маҳбубамон хоҳонам.
Бисту ҳафтуми июни соли 1997 уфуқи ояндаи Тоҷикистонро равшан намуд. Ин санаи тақдирсоз рамзи пирӯзии хиради азалӣ, таҳаммулгароӣ ва оштии миллии халқи тоҷик аст. Таърихи нави давлатдории мо собит сохт, ки маҳз ҷасорати сиёсӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи парокандагӣ наҷот дода, барои мо сояи амну осоиштагиро фароҳам овард.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин сарвати манавии мост. Он пойдевори устуворест, ки дар сояаш модари тоҷик фарзандашро дар рӯҳияи озодӣ тарбия мекунад, деҳқон ба замин дона мекорад ва олиму табиб барои ояндаи солим заҳмат мекашад.
«Танҳо дар ҷомеаи муттаҳид, соҳибмаърифат ва устувор метавон ба қуллаҳои баландтарини созандагӣ ва пешрафти илми тиб ноил гардид.»
Имрӯз, ба шарофати ин суботу амнияти саросарӣ, Тоҷикистони азизи мо дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа ва амнияти биологӣ ба пешрафтҳои беназир ноил мегардад. Ҳамчун ходимони илми тиб, мо ҳис мекунем, ки суботи сиёсӣ кафили асосии таҳқиқоти илмӣ ва ҳифзи генофонди миллат аст.
Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки замон бо таҳдидҳои нави глобалӣ моро имтиҳон мекунад, ҳифзи ваҳдату ягонагӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини диёр — аз ҷавони донишҷӯ то пири рӯзгордида мебошад. Танҳо иттиҳоди мо кафили ояндаи дурахшони фарзандони мост.
Бори дигар, ин ҷашни муқаддаси миллиро ба ҳар як хонадони Тоҷикистон муборакбод намуда, ба рӯзгори шумо сиҳатмандии комил, файзу баракат, хотири ҷамъ ва сулҳи ҳамешагиро хоҳонам!
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

РОССИЙСКАЯ ФЕДЕРАЦИЯ, г. МОСКВАНаучный проект из Таджикистана удостоен диплома III степени на Всероссийском конкурсе «10...
12/06/2026

РОССИЙСКАЯ ФЕДЕРАЦИЯ, г. МОСКВА

Научный проект из Таджикистана удостоен диплома III степени на Всероссийском конкурсе «100 успешных практик в сфере укрепления общественного здоровья – 2026»

10 июня 2026 года в городе Москве состоялась торжественная церемония подведения итогов и награждения победителей Всероссийского конкурса «100 успешных практик в сфере укрепления общественного здоровья – 2026». Мероприятие прошло в Отделении медицинских наук Российской академии наук с участием ведущих ученых, специалистов и экспертов в области общественного здравоохранения.

Организаторами конкурса выступили Центральный научно-исследовательский институт организации и информатизации здравоохранения Министерства здравоохранения Российской Федерации, Национальный научно-исследовательский институт общественного здоровья имени Н.А. Семашко и АНО «Национальный центр укрепления общественного здоровья «АРИОН».

По итогам конкурса дипломом III степени был награжден директор Государственного учреждения «Таджикский научно-исследовательский институт профилактической медицины», доктор медицинских наук Рузиев Муродали Мехмондустович за научный проект «Комплексный мониторинг природных очагов арбовирусных инфекций и изучение генотипов арбовирусов, циркулирующих в Таджикистане».

Высокая оценка проекта со стороны экспертного сообщества свидетельствует о его научной и практической значимости, актуальности проводимых исследований, а также о весомом вкладе таджикских ученых в развитие профилактической медицины, эпидемиологии и общественного здравоохранения.

Проект направлен на совершенствование системы мониторинга и эпидемиологического надзора за арбовирусными инфекциями, изучение особенностей циркуляции возбудителей на территории Республики Таджикистан и повышение эффективности профилактических мероприятий.

Полученная награда является признанием высокого уровня научных исследований, проводимых в Республике Таджикистан, и подтверждает значительный потенциал отечественной науки в решении актуальных задач обеспечения санитарно-эпидемиологического благополучия населения.

Коллектив Государственного учреждения «Таджикский научно-исследовательский институт профилактической медицины» поздравляет руководителя и участников научного проекта с заслуженной наградой, желает дальнейших научных достижений, успешной реализации новых исследовательских инициатив и крепкого здоровья.

18/05/2026
ИШТИРОКИ РОХБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МД "ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН " ДАР ДАВИ МИЛЛИ!
18/05/2026

ИШТИРОКИ РОХБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МД "ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН " ДАР ДАВИ МИЛЛИ!

13/05/2026
13/05/2026

Address

кучаи Шевченко 61
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share