РЦЗНТ

РЦЗНТ Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from РЦЗНТ, Medical and health, Бухоро 53, Dushanbe.

17/04/2026
БАЛЕ! МО МЕТАВОНЕМ СИЛРО БАРҲАМ ДИҲЕМ(чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил 2026)Чорабинии иттилоотӣ-...
17/04/2026

БАЛЕ! МО МЕТАВОНЕМ СИЛРО БАРҲАМ ДИҲЕМ
(чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил 2026)

Чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “БАЛЕ! МО МЕТАВОНЕМ СИЛРО БАРҲАМ ДИҲЕМ. БО РОҲБАРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. БО ДАСТГИРИИ ҶОМЕА.” Вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарони соҳаи тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро дар кохи “Суруш” -и шаҳри Душанбе ба ҳам овард.

Ин чорабинии муҳташам бо кӯшишҳои муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Намояндагии кишварии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Зарурати тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар роҳи муборизиҳои зиддисилӣ дар суханрониҳои Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷалолзода Миршакар, Директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”- Зиёвуддин Валиев, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Илкер Даштан ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҷеш Уике низ таъкид гардид.

Сафирони пешгирии сил, овозхонони маҳбуб - Зайнура Пулодова, Парвин Муродӣ, Дилором Қурбонова, Сорбони Мустафо, Нилуфари Сарбоз, Сарвиноз Юсуфӣ, Муҳаммад Боқиев, Шукронаи Дилҳо, ровиёни хушсадо Моҳлиқо Раҳимзода, Некбахт Саидзода ва ҳаҷвнигорони маҳбуб - Муқимҷон Абдуфаттоев, Ҷамшеди Ҳалим, сарояндагон ва раққосони маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дилбардорӣ ва дастгирии шахсони бемори сил ҳунарнамоӣ карда, ҷиҳати аз байн бурдани доғгузорӣ ва овозаҳои бад паёмҳои зиддисилӣ доданд.
Садҳо нафар аз гӯшаҳои иттилоотии зидисилии ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ дидан карда, дар чорабинӣ бо Сафирони пешгирии сил ҳамовозӣ карданд.

Чорабинии рӯзи 16 апрели 2026 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил баргузор гардида, бо кафкӯбиҳои давомдор, даъват ба муборизаи зиддисилӣ, паёмҳо аз саҳнаи ҳунар, ҳамдилӣ бо беморони сил ва боварӣ ба фардои бидуни сил таҳти шиори “БАЛЕ! МО МЕТАВОНЕМ СИЛРО БАРҲАМ ДИҲЕМ. БО РОҲБАРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. БО ДАСТГИРИИ ҶОМЕА.” боз ҳам рангинтар шуд.

Имрӯз дар фазои идона ва руҳбаландкунандаи саҳни ҳавлии Муассисаи давлатии илмии гастроэнтерология, бо иштироки васеи на...
06/04/2026

Имрӯз дар фазои идона ва руҳбаландкунандаи саҳни ҳавлии Муассисаи давлатии илмии гастроэнтерология, бо иштироки васеи намояндагони тамоми соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар ин чорабинии муҳим кормандони марказҳои ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ низ иштироки фаъолона намуда, саҳми худро дар баланд бардоштани маърифати тиббии ҷомеа гузоштанд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ мошини флюорографияи сайёр ба сокинони шаҳр хизматрасонии ройгон пешниҳод намуда, барои ташхиси саривақтӣ ва пешгирии бемориҳо, махсусан бемории сил, шароити мусоид фароҳам овард.

26/03/2026

Одна из моих публикаций получила больше 20 реакций за последнюю неделю! Спасибо вам всем за поддержку! 🎉

Бо дастуру супориши Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустӣ, кормандони МД Маркази шаҳри...
14/03/2026

Бо дастуру супориши Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустӣ, кормандони МД Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, чун ҳар вақта имрӯз низ, дар ҳудуди муассиса ҳашари шанбегӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни ҳашар кормандон барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ саҳм гузошта, гирду атрофи муассисаро аз партовҳо тоза намуда, корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро анҷом доданд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани муҳити санитарӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва таҳкими фарҳанги тозагиву ободонӣ мусоидат менамояд.

Санаи 06.03.2026 кормандони МХАБС н. Вахш дар якҷоягӣ бо гуруҳи мобилӣ дар ҳайати духтури қалб, духтури сироятшинос, рен...
06/03/2026

Санаи 06.03.2026 кормандони МХАБС н. Вахш дар якҷоягӣ бо гуруҳи мобилӣ дар ҳайати духтури қалб, духтури сироятшинос, рентгенолог, духтури эндокринолог ва духтури асабшинос аз КАТС-и ноҳия ба ҷамоати Зарнисор, шуъбаи №3 МСД “Киров-3” сафар намуда, барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидани алоқамандон ва муроҷиаткунандагон чорабинӣ баргузор намуданд.
Дар рафти чорабинӣ 76 нафар аз ташхиси рентгени портативии қафаси сина гузаронида шуданд. Аз шумораи муоинашудагон 7 нафар бемории диабети қанд, 3 нафар муҳоҷир ва 7 нафар гумонбар ба бемории сил муайян гардиданд.
Ба гумонбарон 3 нафар барои супоридани таҳлили балғам тавсия дода шуда, инчунин ба 7 нафар проба Манту гузаронида шуд.
Чунин чорабиниҳо бо мақсади дарёфти барвақтии бемории сил ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баргузор гардида, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи занону модарони азизро бо фарорасии Рӯзи Модар ва Рӯзи занон самимона табрик...
06/03/2026

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи занону модарони азизро бо фарорасии Рӯзи Модар ва Рӯзи занон самимона табрик менамоям.

Зан-Модар сарчашмаи офариниш, тарбиятгар ва устоди аввалини ҳар як инсон аст. Зан – рамзи меҳру муҳаббат, нозукӣ, сабр ва зебоии зиндагист. Маҳз бо вуҷуди модарон ҷаҳон гармӣ, нур ва маъно пайдо мекунад. Оромиши ҷисму рӯҳи инсон аз давраҳои аввалини ҳаёту зиндагӣ бо аллаҳои Модар ҳамоҳанг мебошад. Иди Модар дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Дар ин моҳи муборак, ки дар баробари фарорасии фасли баҳори сарсабзу хурам, бедоршавии табиат ва дар қатори силсила ҷашни идҳои дигар, сараввал таҷлили Рӯзи Модар меистад. Таҷлили ин рӯзи саид, ҳамеша дар сиёсати фарҳангдӯстона ва амалишавандаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи хеле баланд дошта, ин аз иқдомҳои бунёдкоронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз қишрҳои созандаи кишвар занон мебошанд. Аз ҷумла борҳо зикр гардид, ки нақш ва пешрафти зан дар сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар мадди аввал меистад. Маҳз бо ҳамин мақсад 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки имрӯз он дар тамоми соҳаҳо амалӣ гашта, натиҷаи он ба комёбиҳои назаррас оварда расондааст.

Шумоён чароғи хонадон, тарбиятгари насли оянда ва илҳомбахши ҳар як мард ҳастед. Бо шарофати муҳаббат, ғамхорӣ ва меҳнати шабонарӯзии шумо зиндагии мо пур аз оромӣ ва саодат мегардад.

Бинобар ин, бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам.

Бо арзи эҳтиром,

Сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба бемории сил дар кӯдакон,

Сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати

тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии шаҳри Душанбе Пирмаҳмадзода Б.П.

Бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, аз ҷониби роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба ҳамаи кор...
06/03/2026

Бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, аз ҷониби роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба ҳамаи кормандони муассиса, махсусан бонувону модарони гиромӣ, барои заҳмати содиқона ва саҳми арзандаашон дар ҳифзи саломатии аҳолӣ изҳори қадрдонӣ баён гардид.
Дар ин чорабинӣ таъкид карда шуд, ки занону модарон бо меҳрубонӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнати софдилонаашон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонӣ ба ҷомеа нақши муҳим доранд.
Роҳбарияти марказ ба ҳамаи кормандон, бахусус бонувону модарони азиз, саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва комёбиҳои нав ба нав дар фаъолияти пуршарафашон таманно намуд.
Рӯзи Модар муборак бод, модарону бонувони азиз!

04/03/2026
Имрӯз дар қисми ҳарбии 3503 шаҳри Бохтар аз ҷониби мутахассисони силшинос ташхиси рентгении портативӣ гузаронида шуд.Дар...
04/03/2026

Имрӯз дар қисми ҳарбии 3503 шаҳри Бохтар аз ҷониби мутахассисони силшинос ташхиси рентгении портативӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ 75 нафар аз гурӯҳи алоқамандони бемории сил аз муоинаи ройгони рентгенӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷа, 3 нафар барои ташхиси иловагӣ ва муоинаи пурра ба қайд гирифта шуда, ба марҳилаи минбаъдаи ташхис фаро гирифта шуданд.
Чунин чорабиниҳо бо мақсади дарёфти барвақтӣ, пешгирӣ ва назорати бемории сил роҳандозӣ гардида, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Имрӯз, 3 марти соли равон, дар фазои тантанавӣ ба якчанд нафар кормандони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории си...
03/03/2026

Имрӯз, 3 марти соли равон, дар фазои тантанавӣ ба якчанд нафар кормандони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷониби ҳамҳизбиёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ХХДТ) дафтарчаи ҳизбӣ бо эҳтиром ва самимият супорида шуд.
Ин иқдом нишонаи эътимод ва қадрдонии фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи кормандон дар роҳи ҳифзи саломатии ҷомеа ва пешгирии бемории сил мебошад.
Бо орзуи муваффақиятҳои боз ҳам бештар дар фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятӣ!

Address

Бухоро 53
Dushanbe
734000

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when РЦЗНТ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share