Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

Национальный Диагностический Лечебно-Учебный центр является одним из ведущих медицинских учреждений уже не первый десяток лет. Главный принцип функционирования центра- здоровье пациента превыше всего. На страже вашего отличного самочувствия трудятся ведущие медицинские работники.

Мы-учреждение, которое не нуждается в рекламе. Ежедневно к нам обращаются сотни пациентов со всей республики с самыми различными проблемами здоровья. В нашем арсенале опытные специалисты высших категорий, готовые оказать медицинскую помощь. Диагностический центр специализируется на :
-лабораторных исследованиях;
-диагностике заболевания;
-лечебно-консультативной помощи.

20/08/2026
Суратхисобот аз чаласаи тантанави, бахшида ба иди касбии кормандони тибб дар КВД "Маркази миллии ташхису табобат ва таъл...
18/08/2026

Суратхисобот аз чаласаи тантанави, бахшида ба иди касбии кормандони тибб дар КВД "Маркази миллии ташхису табобат ва таълими".
Табрикоти муовинони диретор ва раиси Кумитаи Иттифоки Касабаи Марказ!

18/08/2026

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам ҳамкасбони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва идона ҳамаи Шуморо ба ифтихори 18 август-Иди касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодатмандии бепоёни рӯзор ва дар кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонам.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи худ ва аз номи тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимиашон ба муносибати Иди касбии табибони Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдории амиқ изҳор намоям.

Табрикоти самимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи фархунда ва ҷашни қадршиносиву арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии пайравони Синои бузург бори дигар мо-кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро водор месозад, ки дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолии Ватани азизамон беш аз пеш кушишу талош намоем ва сазовори боварӣ ва эътимоди Сарвари маҳбуб буданамонро дар амал собит созем.

Воқеан ҳам ин ду сана бо ҳам пайванди маънавии амиқ доранд. Яке ба заҳмати инсонҳое бахшида шудааст, ки имрӯз барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии мардум масъуланд, дигаре номи абармарде аз таърихи илму тамаддуни моро таҷассум мекунад, ки садсолаҳо пеш тибро на танҳо ҳамчун ҳунари табобат, балки ҳамчун илми мушоҳида, андеша ва масъулият дар назди инсон дарк намуда буд.

Ба андешаи Синои бузург, табиб бояд пеш аз ҳама донишманд бошад, сабабро ҷуяд, бемориро дуруст бишиносад ва сипас роҳи табобатро интихоб намояд.

Шояд маҳз ҳамин аст, ки пас аз гузаштани ҳазор сол номи Сино ҳанӯз дар ҷаҳони тиб зинда аст.

Мероси ӯ моро ба як ҳақиқати муҳим мерасонад, ки “илм вақте арзишманд аст, ки ба зиндагии инсон хизмат кунад”.

Ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Технологияҳои нав ба тиб ворид мешаванд, усулҳои ташхис такмил меёбанд, имкониятҳои табобат васеъ мегарданд. Дар чунин шароит табиби имрӯз дигар наметавонад танҳо ба донишҳои дар донишгоҳ гирифтаи худ такя кунад.

Табиби асри 21 бояд ҳамеша омӯзад, таҳлил кунад, таҷрибаи пешрафтаро аз худ намояд ва донишҳои худро навсозӣ кунад.

Аммо як чиз дар касби табиб тағйирнопазир мемонад, ки он инсондӯстӣ мебошад.

Дастгоҳи муосир метавонад бемориро муайян кунад, дору метавонад ба табобат мусоидат намояд, технология метавонад кори табибро осон созад, вале сухани нек, ҳамдардӣ ва муносибати самимии табибро ҳеҷ технология иваз карда наметавонад.
Дар ҳамин радиф, Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иброз доштаанд, ки "табиб бояд дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошад".

Дар ҳақиқат бемор ба табиб на танҳо барои гирифтани дору муроҷиат мекунад, балки вай ба назди шахсе меравад, ки ба ӯ бовар дорад.

Аз ҳамин ҷост, ки эътимоди мардум ба табиб яке аз арзишҳои бузургтарини соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии мамлакат зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, марҳилаҳои муҳими рушдро тай кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии мардумро боигарии давлат унвон карда, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, омодасозии мутахассисон, ҷори намудани усулҳои нави ташхису табобат ва таҳкими заминаи моддию техникӣ барои беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд.

Имрӯз вазифаи мо танҳо идома додани роҳи бузургон ва ба марҳилаи сифатан нав ворид шудан аст.

Яъне, мо бояд аз табобати беморӣ ба пешгирии беморӣ, аз хизматрасонии оддӣ ба хизматрасонии босифат, аз усулҳои анъанавӣ ба тиббӣ далелнок ва технологияҳои муосир, аз омори беморӣ ба таҳлили сабабҳои он гузарем.

Ин аст яке аз самтҳои муҳими рушди тандурустии муосир, ки аз ҳар яки мову шумо вобастагии зиёд дорад.

Мо бояд ба мардум бештар фаҳмонем, ки саломатӣ танҳо масъулияти табиб нест. Ҳар як инсон барои саломатии худ масъулият дорад. Ғизои дуруст, ҳаракати ҷисмонӣ, риояи гигиена, даст кашидан аз одатҳои зараровар, муроҷиати саривақтӣ ба табиб ва гузаронидани муоинаҳои пешгирикунанда метавонанд садҳо мушкилоти саломатиро пеш аз пайдо шуданашон пешгирӣ намоянд.

Дар ин ҷо нақши корманди тиб аз табобат фаротар меравад.

Ӯ бояд ба ҷомеа дониш диҳад, фарҳанги солимиро ташаккул диҳад ва ба инсон ёрӣ расонад, ки саломатии худро ҳамчун арзиши шахсӣ ва миллӣ дарк намояд.

Ҷавонони соҳа бояд бидонанд, ки номи Абуалӣ ибни Сино танҳо мояи ифтихор нест. Ин ном барои ҳар як табиби тоҷик як масъулияти таърихист.

Мо ворисони як мактаби бузурги илмӣ ҳастем, аммо ворис будан маънои танҳо ба гузашта ифтихор карданро надорад. Ворис будан маънои идома додани роҳ аст.

Агар Сино дар замони худ бо дониш ва андешаи нав марзи илми тибро васеъ карда бошад, вазифаи мо низ ҳамин аст. Тибби миллиро бо донишҳои муосир ғанӣ гардонем, илмро рушд диҳем ва барои насли оянда заминаи боз ҳам устувортар гузорем.
Бигзор дар фаъолияти ҳар як корманди тиб, дониш бо масъулият, касбият бо инсондӯстӣ ва таҷриба бо навоварӣ ҳамеша паҳлу ба паҳлу бошанд.

Бигзор номи Абуалӣ ибни Сино барои мо ҳамеша рамзи дониш, ахлоқ, инсонпарварӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат бошад. Ва бигзор насли имрӯз бо идомаи роҳи пуршарафи гузаштагони худ тавона дар рушди илми тиб ва ҳифзи саломатии миллат саҳми шоиста гузорад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино самимона табрик менамоям.

Ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва пешрафти рузафзун таманно дорам.

Ҷашни касбӣ муборак бошад, табибони ҳозиқ!

18/08/2026

🇹🇯 18 августа Президент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил врачей, работников и ветеранов сферы здравоохранения с профессиональным праздником. Об этом сообщает пресс-служба главы государства.

📣 Глава государства пожелал медикам крепкого здоровья, счастья, успехов и новых достижений в их работе.

✅ В поздравлении также отмечается роль Государственной премии имени Абуали ибн Сино в области науки и техники. Её раз в два года присуждают учёным и исследователям за достижения в разных областях науки, включая медицину и фармацевтику.

📣 В этом году в Таджикистане также учредили Международную премию имени Абуали ибн Сино в области медицины.

🇹🇯 По словам Эмомали Рахмона, эта награда должна стать не только признанием заслуг учёных, но и символом уважения к научному наследию Абуали ибн Сино. По словам главы государства, премия поможет сделать Таджикистан площадкой для международного диалога в сфере медицинской науки и отмечать выдающихся врачей и учёных со всего мира.

✅ Президент подчеркнул, что дата рождения Абуали ибн Сино была выбрана для Дня работников здравоохранения не случайно.

📣 Он призвал таджикских врачей продолжать научные традиции великого учёного, развивать отечественную медицинскую науку и достойно представлять Таджикистан в мире.

🤝 В завершение Эмомали Рахмон ещё раз поздравил медиков с профессиональным праздником и пожелал им новых профессиональных и научных успехов.

📸: President.tj

#Таджикистан #поздравление #врачи #новости #новоститаджикистана #мир Your.tj

Аз номи Маъмурияти Маркази миллии ташхису табобат ва таълими тамоми табибони Точикистонамонро табрик менамоем! 18.08.202...
18/08/2026

Аз номи Маъмурияти Маркази миллии ташхису табобат ва таълими тамоми табибони Точикистонамонро табрик менамоем! 18.08.2026
Табиб будан танҳо касб нест — ин рисолати муқаддаси наҷоти инсон, умед бахшидан ба бемор ва хизмат ба ҷомеа мебошад.
Устодони гиромикадр, хамкасбон ва дустонам, бо камоли эҳтиром хамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи табибон — 18 август самимона табрик менамоем!
Ба ҳар як табиби тоҷик, ки бо дили пок, дониши баланд, масъулияти касбӣ ва меҳрубонӣ дар роҳи ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунад, тансиҳатӣ, умри дароз, неруи тоза, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пуршараф муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.
Бигзор дасти табиб ҳамеша сабаби шифо, сухани ӯ манбаи умед ва қалби ӯ саршори меҳру муҳаббат бошад. Бигзор номи табибони тоҷик ҳамеша бо инсондӯстӣ, дониш, садоқат ва наҷоти ҷони инсонҳо пайванд дошта бошад.
Табибон беҳтарин шахси ҷаҳонед,
Табибон вориси ибни Синоед.
Табибон неъмати якто Худованд,
Шифобахшандаи руи чаҳонед.

Рӯзи табибон муборак, ворисони ҳақиқии мактаби бузурги Абӯалӣ ибни Сино! 🩺🇹🇯

15/08/2026

Address

Дехоти 48
Dushanbe
734005

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 07:00 - 17:00

Telephone

+992446005167

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share