МД Маркази шахрии ташаккули тарзи хаёти солим

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • МД Маркази шахрии ташаккули тарзи хаёти солим

МД Маркази шахрии ташаккули тарзи хаёти солим Ташвиқу тарғби тарзи ҳаёти солим!

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ВА ҒАЙРИСИРОТӢБо мақсади баланд бардоштани маърифати тиб...
28/08/2026

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ВА ҒАЙРИСИРОТӢ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва рияои қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза дар масҷидҳои пойтахт байни намозгузорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Ҷиҳати натиҷагирӣ аз ҷарёни корҳои фаҳмондадиҳии мутахассисони марказҳои саломатии пойтахт дар масҷидҳо байни намозгузорон ва боз ҳам тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он директори Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солими Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Зайнаб Анварӣ ва мутахассисони масъули марказҳои саломатии шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласаи корӣ ба муҳтавои маърӯзҳое, ки дар байни намозгузорон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб пешинҳод мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, баҳри боз ҳам такмил додани муҳтавои онҳо тавсияҳо ироа гардиданд.

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ИН САРМОЯГУЗОРИИ БЕҲТАРИН БА САЛОМАТӢ ВА ДАРОЗУМРИИ ИНСОН БА ҲИСОБ МЕРАВАД.
26/08/2026

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ИН САРМОЯГУЗОРИИ БЕҲТАРИН БА САЛОМАТӢ ВА ДАРОЗУМРИИ ИНСОН БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

ВАРЗИШ-ОМИЛИ СОЛИМИИ ҲАМЕШАГӢ!
21/08/2026

ВАРЗИШ-ОМИЛИ СОЛИМИИ ҲАМЕШАГӢ!

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД  БА  ТАРҒИБИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА21-уми августи соли 2026 дар доираи татбиқи «Ба...
21/08/2026

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРҒИБИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА

21-уми августи соли 2026 дар доираи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» - Зайнаб Анварӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Нилуфар Каримзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» - Гавҳар Шарбонова, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркологӣ» - Баракатулло Ниёзов ва намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» - Эмомалӣ Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба нишонаҳо, роҳҳои интиқол ва пешгирии бемориҳои сил, ВНМО ва вобастагӣ ба маводи нашъадор маълумот дода, ҳамзамон вобаста ба риояи тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, беҳдошти шахсӣ ва масъулияти ҳар як шахс дар ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи солимии миллат ва таъмини ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.

СИРОЯТҲОИ ШАДИДИ МЕЪДАЮ РӮДАБо мақсади баланд бардоштани маърифати беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, мутассадии ҳу...
20/08/2026

СИРОЯТҲОИ ШАДИДИ МЕЪДАЮ РӮДА

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, мутассадии ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Радиои «Ховар» оид ба мавзӯи «Сироятҳои шадиди меъдаю рӯда» баромад намуд.

Дар рафти баромад оид ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои паҳншавии сироятҳои шадиди меъдаю рӯда, нишонаҳои асосии беморӣ, аҳамияти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи оби тозаи ошомиданӣ ва ғизои солим маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, ба аҳолӣ тавсияҳо оид ба пешгирии бемориҳо, аз ҷумла шустани мунтазами дастҳо, дуруст нигоҳ доштан ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин зарурати сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ дода шуданд.

ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ!
19/08/2026

ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ!

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА  ИДИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОНСанаи 17-уми августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази с...
19/08/2026

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17-уми августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №15»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи олими бузург, файласуф, табиби барҷастаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он директори Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим Зайнаб Анварӣ, директори Маркази саломатии №15 Тоир Ғайратзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳбози Негматулло, мутасаддиёни ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Баромадкунандагон дар навбати худ кормандони соҳаи тибро ба муносибати Рӯзи кормандони тиб самимона табрик намуда, таъкид доштанд, ки касби табиби яке аз касбҳои пуршараф ва масъулиятнок ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ низ ёдовар гашта, дар ин замина таъкид гашт, ки дар мамлакат баҳри кору фаъолияти табибон тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷамъбасти чорабинии идона ба як қатор кормандони фаъоли Марказ ва мутасаддиёни ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе Ифтихорномаи Маркази мазкур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.

14/08/2026
ТОҶИКӢ🇹🇯 ВА РУСӢ🇷🇺БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ!  Аз ҷониби мутхасиссони МД "Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим...
14/08/2026

ТОҶИКӢ🇹🇯 ВА РУСӢ🇷🇺
БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ!
Аз ҷониби мутхасиссони МД "Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим" ва мутасаддиёни ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими муасиссаҳои зертобеи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи Куруши Кабр-и шаҳри Душанбе бо мақсади баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Зимни вохӯрӣ ба сокинон оид ба аҳамияти ғизои солим, риояи тарзи ҳаёти солим, пешгириӣ аз бемориҳои сироятӣ маълумоти муфид пешниҳод гардид.

ПРОВЕДЕНИЕ РАЗЪЯСНИТЕЛЬНОЙ РАБОТЫ

Специалистами ГУ «Городской центр формирования здорового образа жизни» и ответственными сотрудниками кабинетов формирования здорового образа жизни медицинских учреждений, подведомственных Управлению здравоохранения города Душанбе, на территории парка имени Куруши Кабира города Душанбе была проведена разъяснительная работа.

Мероприятие было организовано с целью проведения информационно-пропагандистской работы и повышения уровня медицинской грамотности населения.

В ходе встречи жителям была предоставлена полезная информация о важности здорового питания, соблюдении здорового образа жизни, а также профилактике инфекционных заболеваний.

ОҒОЗ НАМУДАНИ СӮБҲ БО МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ОМИЛИ БОЛИДАГИИ РӮҲ ВА ҶИСМИ ИНСОН МЕГАРДАД.
14/08/2026

ОҒОЗ НАМУДАНИ СӮБҲ БО МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ОМИЛИ БОЛИДАГИИ РӮҲ ВА ҶИСМИ ИНСОН МЕГАРДАД.

Address

Нарзикулов 8
Dushanbe

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when МД Маркази шахрии ташаккули тарзи хаёти солим posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share