Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд

  • Home
  • Tajikistan
  • Proletarsk
  • Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, Medical and health, Республика Таджикистан, Proletarsk.

20/03/2026

ФАРХУНДАВУ ХУҶАСТА БОД, НАВРӮЗИ ВАТАН!

Номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилал

Сокинон ва меҳмонони шаҳри хуршедӣ!

Наврӯз дар таъриху тамаддуни мардуми ориёитабор рӯзи фараҳмандтарин, рӯзи нав, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Табиат дар ин айём аз нав эҳё гардида, ҳаёти нав оғоз мешавад.
Дар байни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замони қадим то ба имрӯз дар дунё таҷлил мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва муқаддамтарин ба ҳисоб меравад. Мардум ҷашни Наврӯзро бо як омодагии аҷиб интизор мешавад, либоси хеш ва ҷиҳози хонадонашро озода гардонида, манзилу макони хешро тамиз мекунад ва дастархони наврӯзиро бо маводи «ҳафтсин» - себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва «ҳафтшин» - шаҳду ширу шаробу шаккари ноб, шамъу шамшоду шойеъ оро ммедиҳад. Соли нави аҷдодӣ тараннумгари зебоиву накўӣ буда, як ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат аст. Яъне дар нимкураи шимолии Замин фасли сармо поён меёбад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани ях ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ мерасонад.
18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва соли 16-ум аст, ки дар кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди тоҷикистонӣ аст.
Бо эҳтиром ва ифтихори бузург аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони Хуршедшаҳрро бо Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи фаррухпай самимона шодбод мегӯям. Бигузор ин ҷашни ҷаҳонӣ ба сарзамини хурраму ҳамешабаҳори Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонии зиёд оварад. Мову шумо дар партави сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаи хеш идома бахшем ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳон бо дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав муаррифӣ намоем.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё ва мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳои наздиҳавлигӣ, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Сокинони Хуҷандшаҳр масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк мекунанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.
Мо имрӯз дар фазои озоду сулҳу субот, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврӯзро мутантан таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, тақозо дорад, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созем.
Зеро имсол соли ҷашнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон тантана мешавад ва ҳар яки мо дар ҷодаи хеш ба истиқболи шоистаи ин тадбири муҳими давлатӣ бояд фаъолона заҳмат кашем ва рӯз ба рӯз ба он наздик шавем.
Бори дигар кулли меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии соли нави аҷдодӣ, ба муносибати ҷашни бузурги милливу ҷаҳонии Наврӯз самимона муборакбод мегӯям. Бигузор Наврӯзи имсола бо омадани хеш ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи баланд, зиндагии орому осуда, муваффақият дар ободӣ ва шукуфоии ватан оварад.

Наврӯзи фаррухпай, Соли нави аҷдодӣ муборак, ҳамзамонони гиромӣ!

18/12/2025

ХУҶАНДИ НОЗАНИНИ БАРФПӮШ.... 18.12.2025.

ЭЪЛОН: Қабули ройгони беморон дар БКШ№1-и шаҳри ХуҷандМаъмурияти МД "Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба маълумоти ...
05/04/2024

ЭЪЛОН: Қабули ройгони беморон дар БКШ№1-и шаҳри Хуҷанд

Маъмурияти МД "Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба маълумоти сокинони шаҳри Хуҷанд мерасонад, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, пагоҳ санаи 06.04.2024с аз соати 8:00 дар саҳни ҳавлии беморхона қабули ройгони шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба баргузор мегардад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд вобаста ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва дар ҳукмрон...
06/01/2022

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд вобаста ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва дар ҳукмронии феълии фасли зимистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони вилоят мерасонад, ки бинобар беэҳтиётӣ дар ин фасл эҳтимоли хуруҷи бемориҳои роҳи нафас афзуда, ба бемории зуком ва дигар навъҳои вазнини он оварда расониданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, пўшидани либосҳои гарм дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ тавсия дода мешавад.

Мусаллам аст, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи мавҷҳои навбатии бемории короновирус, бахсус навъи “Омикрон” хушдор медиҳанд, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама асосиаш нагузаштан аз иммунизатсияи зидди ин беморӣ медонанд.

Коршиносони соҳаи тиб бовар доранд, ки беморони гирифтори штамми нави омикрон ба мисли беморони гирифтори штамми делта ҷиддӣ нахоҳад буд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки одамон гирифтори бемории вазнин нахоҳанд шуд. Бемории “омикронӣ”-ро низ мисли ҳолатҳои қаблӣ дарди сар, табларза ва осеби шуш ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аломатҳоро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар тамоми штаммҳо мушоҳида намудааст. Фаҳмидани он ки кӣ гирифтори “омикрон” ва кӣ аз “делта” сироят ёфтааст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ғайриимкон аст. Илова бар ин, дар мавриди гирифторӣ ба “омикрон” ҳамон усулҳо ва доруҳое, ки барои намудҳои қаблӣ буданд, самаранок мебошанд.

Эмкунии бустерии (ваксинатсияи такрорӣ ё реваксинатсия) одамони пурра ваксинашуда муҳофизати боэътимодро аз COVID таъмин мекунад. Бахусус ба ҳама насли калонсолони ваксинашуда тавсия дода мешавад, ки ҳарчӣ зудтар як маротибаи дигар эмгузаронӣ карда шаванд. Онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, бояд фавран эм карда шаванд.

Бояд дар тамоми муассисаҳо новобаста аз шакли молиякият тадбирҳои безараргардонӣ ҳамаруза пурзур карда шавад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикру зикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки баъзан шаҳрвандон бо тарсу ваҳм ақидаи худро дучори бўҳрони равонӣ мекунанд, ки он боиси пайдоиш ва хуруҷи бемориҳо мегардад.

Муҳим он аст, ки мо бояд баҳри ҳифзи саломатии худ дар ин фасли сармо аз ҳарвақта дида бодиққат ва баҳуш бошем. Зукоми маъмулие, ки ба он шаҳрвандон дар ин фасл гирифтор мешаванд, бо омилҳои гуногун вазнин омаданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, танҳо бо тавсияи духтурони оилавӣ муолиҷа намуда, аз худтабобаткунӣ даст кашед.

Он нафароне, ки қаблан ба бемории короновирус ва илтиҳоби шадиди шуш сироёт ёфтаанд, барои барқарор намудани организми худ аз тамоми имконот истифода намоянд. Паст шудани иммунитет ба дигарбора сироятёбӣ ва афзудани беморӣ оварда мерасонад. Ҷиҳати риояи масофа ва қоидаҳои беҳдоштӣ, зуд-зуд тоза намудани ҳавои хона ва ҷойи кор ҳаргиз бепарвоӣ накунед. Оилаҳои сироятшуда ба зукоми табиӣ дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд.

Борҳо таъкид намудем ва боз ҳам мегўем, ки ҳамагуна маъракаҳои хонаводагӣ ва ҷамъиятӣ дар шароити феълӣ хатарнок арзёбӣ гардида, ба пайдоиш ва хуруҷи бемории короновирус мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба хотири нигоҳдошти солимии худ аз ин маъракаҳо муддате худдорӣ намоянд.

Маркази назорати давлатии
санитарию эпидемологии вилояти Суғд

Address

Республика Таджикистан
Proletarsk
735

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share